Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Фаронса: Амрико бояд бар Исроил фишор ворид кунад, то дар Лубнон даргириҳо қатъ шаванд
Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷаи Фаронса, мегӯяд Иёлоти Муттаҳида бояд бар Исроил фишор ворид кунад, то амалиёти низомӣ дар Лубнонро қатъ созад.
Барро рӯзи ҷумъа, 19-уми июн, дар гуфтугӯ бо шабакаи “France Info” гуфтааст, ки Фаронса ҳамчунон дар талош барои баргузории як конфронси байналмилалӣ бо ҳадафи ҷалби ҳимоят аз артиши Лубнон аст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки артиши Исроил эълом кардааст ба ҳамлаҳои худ алайҳи неруҳо ва зерсохторҳои Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон идома медиҳад: бо вуҷуди он ки тафоҳумномаи миёни Амрико ва Эрон хостори таваққуфи даргириҳо дар ин кишвар шудааст.
Вазири корҳои хориҷаи Фаронса ҳамчунин, гуфтааст, ки Париж то замоне, ки аз бароварда шудани интизориҳояш дар бораи музокироти барномаи ҳастаии Эрон мутмаин нашавад, бо лағви таҳримҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Теҳрон мувофиқат нахоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”