Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳолланд 500 миллион евро кумаки низомӣ ба Украина ихтисос медиҳад
Нахуствазири Ҳолланд эълом кард, ки ин кишвар 500 миллион евро кумаки низомии ҷадид дар ихтиёри Украина қарор хоҳад дод.
Ба гузориши “Брекинг Нюз”, Роб Йеттен, нахуствазири Ҳолланд, рӯзи ҷумъа эълом карда, ки кишвараш як бастаи кумаки низомии ҷадид ба арзиши 500 миллион евро барои Украина фароҳам хоҳад кард.
Вай ин изҳоротро ҳангоми вуруд ба нишасти Шурои Аврупо дар Брюссел матраҳ кард ва бар ибтикори ҳимояти Ҳолланд аз Украина дар баробари Русия таъкид намуд.
Йеттен пештар низ ҳангоми ироаи барномаи давлати худ, бо оғози гуфтугӯ миёни Русия ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҷанги Украина мухолифат карда ва гуфта буд, ки Иттиҳоди Аврупо набояд дар шароити кунунӣ вориди музокира бо Маскав шавад.
Ҳолланд аз замони оғози ҷанги Украина яке аз ҳомиёни асосии Киев дар Аврупо буда ва дар канори дигар кишварҳои ғарбӣ, кумакҳои молӣ, низомӣ ва омӯзишии зиёдеро дар ихтиёри Украина қарор додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”