Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Муҷтабо Хоманаӣ: “Гуфтугӯи мустақим бо Амрико ба маънои пазируфтани мавқеи душман нест”
Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, мегӯяд, ки гуфтугӯи мустақим бо Иёлоти Муттаҳида ба маънои пазируфтани “мавқеи душман” нест ва Эрон аз ҳуқуқ ва манофеи худ ақибнишинӣ нахоҳад кард.
Расонаҳои Эрон рӯзи панҷшанбе, 18-уми июн, гузориш додаанд, Хоманаӣ гуфтааст, ки дар бораи тавофуқи охир миёни Эрон ва Амрико дидгоҳи мутафовите доштааст.
Ӯ афзудааст, ки ба далели уҳдадорие, ки Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, барои ҳифзи ҳуқуқи миллати Эрон ва манофеи Ҷабҳаи муқовимат ироа карда буд, бо он мувофиқат кардааст.
Муҷтабо Хоманаӣ гуфтааст, ки раиси ҷумҳури Эрон ва аъзои тими музокиракунанда масъулияти иҷрои ин тавофуқро пазируфта ва дар бораи ҳимоят аз манофеи Эрон итминон додаанд.
Раҳбари Эрон ҳамзамон ҳушдор додааст, ки агар Амрико дар иҷрои тавофуқ “зиёдахоҳӣ” кунад, Теҳрон онро нахоҳад пазируфт.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки пас аз имзои ёддошти тафоҳум миёни Теҳрон ва Вашингтон, баҳсҳо дар бораи ояндаи равобити ду кишвар ва эҳтимоли идомаи музокироти мустақим миёни тарафайн афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”