Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Манобеи исроилӣ аз анҷоми музокироти “сарсахтона” бо Амрико дар бораи ҷанги Лубнон хабар додаанд
Манобеи исроилӣ гуфтаанд, ки дар ҳоли анҷоми музокироти “сарсахтона” бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар сари идомаи истиқрори нерӯҳои Исроил дар ҷануби Лубнон ҳастанд.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 18-уми июн, гузориш додааст, ки ин мавзуъро як мақоми исроилии наздик ба Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, баён кардааст.
Бар асоси гузориш, ин мақоми исроилӣ ба шарти фош нашудани номаш гуфтааст, ки Исроил қасд надорад аз мавқеи худ дар бораи ишғоли Лубнон ақибнишинӣ кунад.
Моше Саъдо, намояндаи маҷлис аз ҳизби ҳокими “Ликуд” таҳти раҳбарии Нетаняҳу низ аз нахуствазир хостааст, то мавқеи сахттаре нисбат ба Иёлоти Муттаҳида дар бораи Лубнон пеш гирад.
Ин дар ҳолест, ки Эрон ҳушдор додааст, ки ҳамлаи Исроил ба Лубнонро ба маънои нақзи тафоҳумнома бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико медонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”