Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия аз имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико истиқбол кард
Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфтааст, ки Маскав аз тавофуқ миёни Эрон ва Амрико бо ҳадафи ҳаллу фасли даргирии низомӣ истиқбол мекунад.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи панҷшанбе, 18-уми июн, гузориш додааст, ки Вазорати корҳои хориҷаи Русия бар уҳдадории мутақобили Вашингтон ва Теҳрон бар манфиатҳои тафоҳумнома таъкид кардааст.
Бар асоси гузориш, Вазорати корҳои хориҷаи Русия, ҳамчунин, аз талошҳои Покистон ва Қатар барои миёнҷигарӣ байни Эрон ва Амрико қадрдонӣ кардааст.
Эрон ва Амрико пас аз ҳафтаҳо музокира бо миёнҷигарии Покистон, бомдоди имрӯз тафоҳумномаеро барои поёни ҷанг, бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва хатми муҳосираи дарёии Эрон имзо карданд.
Бо ин ҳол, қарор аст музокирот байни Вашингтон ва Теҳрон бар сари парвандаи ҳастаии Эрон рӯзи ҷумъа дар кишвари Швейтсария оғоз шуда, ба муддати ду моҳ идома дошта бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”