Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Расман: Ислом Махачев моҳи август ба майдон мебарояд
Дана Уайт, роҳбари ташкилоти UFC муҳорибаи навбатии чемпиони вазни ниммиёна Ислом Махачевро эълон кард.
Номбурда гуфт, ки Ислом Махачев 16-уми август дар мусобиқаи UFC 330 барои ҳимояи камарбанди чемпионӣ бо размкори ирландӣ Иан Гарри рақобат мекунад.
Аслан, моҳе пеш маълум буд, ки рақиби навбатии чемпиони вазни ниммиёна Ислом Махачев маҳз Иан Гарри мегардад, вале расонаҳо вариантҳои дигарро низ баррасӣ мекарданд. Масалан, тахминҳо буданд, ки чемпион эҳтимол бо варзишгари эквадорӣ Майкл Моралес қувваозмоӣ кунад.
Ислом Махачев соли 2022 дар вазни сабук чемпион шуд ва чор маротиба камарбанди чемпиониашро ҳимоя кард. Сипас, камарбанди чемпиониашро озод кард ва моҳи ноябри соли 2025 барои камарбанди чемпионӣ дар вазни ниммиёна бо Ҷек Делла Маддалена рақобат намуда, ғолиб шуд ва дар вазни мазкур қаҳрамон гардид.
Рақиби Ислом Махачев размкори ирландӣ Иан Гарри бошад, аввалин маротиба ба муҳорибаи чемпионӣ мебарояд ва ӯ аз ҷумлаи хатарноктарин размкорони UFC ҳисобида мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”