Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Шаҳбоз Шариф: “Тавофуқи таърихӣ миёни Амрико ва Эрон имзо шуд”
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, эълом кардааст, ки “ёддошти тафоҳуми таърихии Исломобод” ба таври электронӣ миёни Амрико ва Эрон имзо шуда ва ин созишнома фавран вориди марҳилаи иҷро мешавад.
Шаҳбоз Шариф шоми чоршанбе, 17-уми июн, дар “X” навиштааст, ки ин созишнома аз ҷониби раисони ҷумҳури ду кишвар имзо шудааст ва Покистон ба унвони миёнарав онро тасдиқ кардааст.
Дар қадами аввал, Эрон тангаи Ҳурмузро боз хоҳад кард ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ муҳосираи дарёӣ алайҳи Эронро лағв мекунад.
Шаҳбоз Шариф афзудааст, ки ин созишнома нишондиҳандаи уҳдадории ду тараф ба ҳалли дипломатии танишҳост ва Покистон бо ҳамкории Қатар, маросими расмии имзои онро дар 19-уми июни 2026 дар Швейтсария мизбонӣ хоҳад кард.
Нахуствазири Покистон, ҳамчунин, аз нақши Қатар, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Миср дар осонсозии ин раванд қадрдонӣ карда ва ба нақши Осим Мунир, раиси ситоди артиши Покистон, дар ин раванд ишора кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”