Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Эрон: Механизми озодсозии дороиҳои масдудшуда ниҳоӣ шудааст
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки механизми озодсозии дороиҳои блокшудаи ин кишвар бо машварати пурраи Бонки марказии Эрон ниҳоӣ шудааст.
Хабаргузории “Меҳр” рӯзи панҷшанбе, 18-уми июн, гузориш додааст, ки Бақоӣ таъкид кардааст Эрон бояд аз ҳаққи комил барои дастрасӣ ва истифода аз дороиҳои худ бархӯрдор бошад ва Иёлоти Муттаҳида уҳдадор шудааст тамоми монеаҳои мавҷуд дар ин заминаро бартараф кунад.
Ӯ афзудааст, ки Бонки марказии Эрон дар тамоми марҳилаҳои ин раванд иштирок доштааст, то аз дурустӣ ва самаранокии механизмҳои техникӣ итминон ҳосил шавад.
Бақоӣ бо ишора ба ҷузъиёти ин тавофуқ гуфтааст, ки дар бораи ҳаҷми дақиқи дороиҳои фарогири ин раванд маълумот дода нахоҳад шуд.
Изҳороти сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Теҳрон ва Вашингтон дар чорчӯби тавофуқи тоза миёни ду кишвар, рӯйи шуморе аз мавзуъҳо, аз ҷумла таҳримҳо, дороиҳои масдудшуда ва ҳамкориҳои иқтисодӣ гуфтугӯ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад