Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Трамп: “Мумкин аст таҷҳизоти низомии боқимондаи Амрико дар Афғонистонро бозпас гирем”
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки мумкин аст таҷҳизоти низомии ин кишвар, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар соли 2021 дар Афғонистон боқӣ монда буд, дубора ба Амрико бозгардонда шавад.
Трамп рӯзи чоршанбе, 17-уми июн ин изҳоротро дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи ҳафт (G7) ва дар посух ба суоли хабарнигорон баён кардааст.
Ӯ бо интиқод аз тарзи хуруҷи давлати Ҷо Байден аз Афғонистон гуфтааст, ки Вашингтон метавонист ҳамаи таҷҳизоти низомии худро аз Афғонистон берун кунад, аммо давлати пешини Амрико онҳоро дар ин кишвар раҳо кард.
Трамп афзудааст: “Мумкин аст ҳамаи он таҷҳизотро бозпас гирем. Ҳоло ин мавзуъ бештар ҷанбаи рамзӣ дорад, зеро ин таҷҳизот кӯҳна шудааст, аммо шояд ҳамаи онро баргардонем”.
Раиси ҷумҳури Амрико, ҳамчунин, гуфтааст, ки агар худи ӯ масъули хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон мебуд, ин равандро “бо иззат ва ифтихор” ва ҳамроҳ бо интиқоли пурраи таҷҳизоти низомӣ анҷом медод.
Бар асоси баровардҳои Вазорати дифои Амрико, пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар августи 2021, таҷҳизоти низомӣ ба арзиши беш аз 7 миллиард доллар дар Афғонистон боқӣ монда буд, ки бахши умдаи он пас аз суқути ҳукумати пешин ба дасти гурӯҳи террористии Толибон афтод.
Давлати Ҷо Байден пештар гуфта буд, ки ин таҷҳизот дар ихтиёри неруҳои амниятии ҳукумати пешини Афғонистон қарор дошт ва пас аз фурӯпошии ҳукумат ба назорати Толибон гузашт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”