Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аз сихкабоби «Шоми Хуҷанд» 334 кило гӯшт мусодира ва безарар гардонида шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки зимни азназаргузаронии ҳолати санитарӣ дар сихкабоби «Шоми Хуҷанд» воқеъ дар кӯчаи Яккачинор, 334 кило маҳсулоти гӯштии пастсифат ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯнабуда ошкор гардид.
Мақомот навиштааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ёрматов Хуршед, соҳибмулки сихкабоби «Шоми Хуҷанд» тибқи талаботи моддаи 274 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, маҳсулоти пастсифат мусодира ва безарар гардонида шуд.
Манбаъ афзудааст, ки бо мақсади ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва пешгирии паҳншавии маҳсулоти ғайристандартӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар нуқтаҳои хӯроки умумӣ рейду корҳои профилактикӣ баргузор мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”