Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исроил аз сӯйи Афви байналмилал ба содир намудани “ҷинояти ҷангӣ” дар Лубнон муттаҳам шуд
Созмони Афви байналмилал гуфтааст, ки дастурҳои густурдаи оворагардонии маҷбурӣ, ки артиши Исроил дар Лубнон содир кардааст, тибқи қонунҳои байналмилалӣ “ҷинояти ҷангӣ” маҳсуб мешавад.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” рӯзи чаҳоршанбе, 17-уми июн, гузориш додааст, ки Афви байналмилал ин мавзуъро дар як баёния матраҳ кардааст.
Бар асоси гузориш, Афви байналмилал гуфтааст, ки дар бахшҳое аз ҷануби Лубнон, оворасозии иҷбории ғайринизомиён аз сӯйи артиши Исроил ва монеъ шудан ба бозгашти онҳо “интиқоли ғайриқонунӣ” ҳисобида мешавад, ки худ як “ҷинояти ҷангӣ” аст.
Ин созмон гуфтааст, ки артиши Исроил истифодаи чунин дастурҳоро “ба таври бунёдӣ густариш дода” ва садҳо ҳазор нафарро дар саросари Лубнон овора кардааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Лубнон гуфтаанд Исроил аз замони оғози ҳамлаҳои густурда ба ин кишвар дар 2-уми март, беш аз 3 ҳазору 800 нафарро кушта, 11 ҳазору 850 нафарро захмӣ ва беш аз як миллион нафарро овора кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”