27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
17.06.2026 14:06

Хоҷа Осиф: “Толибон аз Покистон 10 миллиард доллар кумак хостанд”

Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон, гуфтааст, ки бо вуҷуди чандин даври гуфтугӯ миёни мақомоти покистонӣ ва гурӯҳи террористии Толибон, Исломобод натавонистааст кафолати хаттӣ дарёфт кунад, ки аз хоки Афғонистон барои анҷоми ҳамлаҳо алайҳи Покистон истифода нахоҳад шуд.

Осиф рӯзи сешанбе, 16-уми июн дар Маҷлиси миллии Покистон гуфтааст, ки мақомоти сиёсӣ, низомӣ ва истихборотии ин кишвар дар солҳои гузашта борҳо бо Толибон вориди гуфтугӯ шудаанд, аммо ин музокирот ба натиҷаи матлуб нарасидааст.

Вай бо радди интиқодҳо, ки гӯё Покистон бо Толибон ҳамкории кофӣ надоштааст, гуфтааст, ки худи ӯ ду бор дар садри ҳайатҳои баландпоя ба Афғонистон сафар кардааст ва дар нишастҳо дар Туркия ва Қатар низ бо мақомоти Толибон дидор доштааст.

Вазири дифои Покистон афзудааст, ки мақомоти Толибон дар ҷараёни музокирот бо бисёре аз пешниҳодҳо мувофиқат карда, аммо аз додани ҳар гуна уҳдадории хаттӣ худдорӣ намудаанд.

Вай гуфтааст, ки Толибон дар яке аз ин гуфтугӯҳо аз Покистон дархости 10 миллиард доллар кумаки молӣ карда ва Исломобод низ омодагии худро барои ҳамкорӣ дар мавриди муқобилият бо гурӯҳҳои мусаллаҳи мустақар дар Афғонистон алайҳи Покистон, нишон додааст.

Осиф таъкид кардааст, ки Покистон омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ бо Толибон буда, аммо танҳо хости ин кишвар дарёфти кафолат дар бораи пешгирӣ аз истифодаи хоки Афғонистон барои ҳамла алайҳи Покистон будааст.

Вазири дифои Покистон, ҳамчунин, гуфтааст, ки решаи бисёре аз ҳамлаҳо дар Балучистон ва Хайбар Пахтунхоҳ ба Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон бармегардад ва Исломобод тамоми роҳҳои дипломатиро барои ҷалби ҳамкории Толибон озмудааст.

Вай таъкид кардааст, ки Покистон ҳамчунон аз гуфтугӯ пуштибонӣ мекунад, аммо интизор дорад, ки ҳар гуна музокироти оянда бо натиҷаҳои амалӣ ҳамроҳ бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.