Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ба 18038 маҳкумшуда татбиқ мегардад. Қонуни «Дар бораи авф»-ро Президенти мамлакат имзо карданд
16-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кор созанда машғул шаванд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Қонуни авф ба 18038 (ҳаждаҳ ҳазору сию ҳашт) маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 (ёздаҳ ҳазору сесаду панҷ) нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 (шаш ҳазору ҳафсаду сию се) нафар кам карда мешавад.
"Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 (панҷсаду ҳафт) нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 (дусаду чилу ҳашт) нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 (дусаду панҷоҳу нуҳ) нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 (яксаду сию чор) нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 (наваду нуҳ) нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 (сию панҷ) нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад", - навиштааст манбаъ.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.
Қонун мақомоти дахлдорро вазифадор менамояд, ки иҷрои онро дар давоми ду моҳ таъмин карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”