Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дастури нави Толибон: духтурони зан барои ҳамкорӣ бо духтурони мард бояд “маҳрами шаръӣ” дошта бошанд
Ба иттилои расонаҳои Афғонистон Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари гурӯҳи террористии Толибон дар дастури тозае барои кормандони соҳаи тандурустӣ дар шифохонаҳо гуфтааст, ки духтурони зане, ки бо духтурони мард ҳамкорӣ мекунанд, бояд дорои “маҳрами шаръӣ” (ҳамроҳ бо марди хонавода – шавҳар, падар, бародар...) бошанд.
Санадҳое, ки рӯзи сешанбе, 17-уми июн ба дасти расонаҳои Афғонистон расидааст, нишон медиҳад, ки Толибон дар як мактуби 17-моддаӣ, ки ба марказҳои тандурустӣ ирсол шудааст, маҳдудиятҳо ва дастурамалҳои наверо ҷорӣ кардаанд.
Дар ин мактуб омадааст, ки ҳеч духтур ё корманди мард бидуни иҷоза наметавонад вориди утоқҳое шавад, ки беморони зан дар он бистарӣ ҳастанд.
Толибон, ҳамчунин, таъкид кардаанд, ки ҷойи кори духтурони зан ва мард бояд аз ҳамдигар ҷудо бошад.
Ҳамзамон бархе аз духтурон тасдиқ мекунанд, ки аз онҳо уҳдадории маҷбурӣ гирифта шудааст, ки риш монанд ва 15 дақиқа пеш аз намоз корҳои худро қатъ карда, ба масҷид бираванд.
Бар асоси ин дастур, марказҳои тандурустии Афғонистон муваззаф ҳастанд, ки утоқҳои интизории ҷудогона барои занон ва мардон таъсис диҳанд ва аз омехташавии онҳо ҷилавгирӣ намоянд.
Толибон ҳушдор додаанд, ки иҷрои ин мавридҳо ҳатмӣ аст ва дар сурати сарпечӣ, бо афроди мутахаллиф “бархӯрди қонунӣ” сурат хоҳад гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”