Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тавофуқи Эрон ва Амрико: тими эрониро дар Швейтсария Муҳаммад Боқир Қолибоф раҳбарӣ хоҳад кард
Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон, қарор аст тими эрониро барои имзои тавофуқномаи сулҳ миёни Эрон ва Амрико дар Швейтсария раҳбарӣ кунад.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” рӯзи сешанбе, 16-уми июн, гузориш додааст, ки ин мавзуъро Маҷид Тахтравончӣ, муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон баён кардааст.
Бар асоси гузориш, музокироти Эрон ва Амрико пас аз имзои ёддошти тафоҳум дар рӯзи ҷумъа дар Женеваи Швейтсария оғоз хоҳад шуд.
Тахтравончӣ гуфтааст, ки тими эронӣ аз ҷониби Муҳаммад Боқир Қолибоф ва тими амрикоӣ аз ҷониби Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, раҳбарӣ хоҳад шуд.
Тахтравончӣ афзудааст: “Швейтсария маҳалли имзои тавофуқнома хоҳад буд, аммо макони дақиқи он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Даври баъдии музокирот фавран пас аз имзо оғоз хоҳад шуд”.
Эрон ва Амрико дар ҳафтаҳои охир бо миёнҷигарии Покистон музокира карда, ба тавофуқе барои хотимаи ҷанг расидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”