Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ ҳар гуна ҳамлаи Исроил ба Лубнонро ба маънои нақзи тафоҳумнома бо Амрико донист
Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки аз ин ба баъд ҳар гуна ҳамлаи Исроил ба Лубнон ба маънои нақзи тафоҳумнома бо Амрико хоҳад буд.
Хабаргузории “Форс” рӯзи сешанбе, 16-уми июн, гузориш додааст, ки Аббос Ироқчӣ ин мавзуъро дар дидор бо сафирони хориҷаи муқими Теҳрон баён кардааст.
Бар асоси гузориш, вазири корҳои хориҷаи Эрон гуфтааст, ки пас аз имзои тавофуқнома дар рӯзи ҷумъа, даври нави музокироти Эрон ва Амрико барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ оғоз хоҳад шуд.
Ӯ гуфтааст: “Ҳар гуна ҳамлаи низомии Исроил ба Лубнон аз ин ба баъд ва идомаи ишғоли сарзаминҳои Лубнон аз ин ба баъд, аз назари мо нақзи ёддошти тафоҳум аст”.
Ироқчӣ таъкид кардааст, ки бидуни ақибнишинии неруҳои Исроил аз хоки Лубнон, поёни ҷанг комил нахоҳад шуд.
Эрон дар музокирот бо Амрико хотимаи ҷанг миёни Ҳизбуллоҳ ва Исроилро аз шартҳои асосии худ барои расидан ба тавофуқ эълон карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”