Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Вохӯрии сардори Хадамоти алоқаи кишвар бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
16-уми июн Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски мулоқот кард.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи алоқа, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди рақамӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо барои пешбурди равандҳои муосир ва татбиқи ташаббусҳои муштарак аҳамияти муҳим дорад.
“Ҷонибҳо атрофи густариши ҳамкориҳои амалӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”