Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бори нахуст дар кишвар Форуми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» доир мешавад
Аз 15-ум то 24-уми июни соли равон дар мувофиқа бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва бо пешниҳоди Котиботи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар форуми мазкур намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва Туркманистон иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ки Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шоҳин” воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардида, дар доираи он беш аз сӣ чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.
“Дар ҷараёни Форум кӯдакон бо таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии кишварҳои иштирокчӣ шинос шуда, дар олимпиадаи зеҳнӣ, вохӯрӣ бо қаҳрамонҳои варзиш, мастер-классҳо, гаштҳои сайёҳӣ, марафони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва дигар мусобиқаҳои дӯстона ширкат меварзанд”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» 23-юми июн дар шаҳри Душанбе идома ёфта, кӯдакон аз як қатор муассисаҳои фарҳангии пойтахт ва Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”