Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нетаняҳу: “Бо вуҷуди тавофуқи Амрико ва Эрон муборизаи Исроил поён наёфтааст”
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гуфтааст, ки бо вуҷуди тавофуқи охир миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон муборизаи Исроил ҳанӯз поён наёфтааст.
Нетаняҳу рӯзи душанбе, 15-уми июн дар як нишасти хабарӣ бо хабарнигорони исроилӣ иддао кардааст, ки ҷанги муштараки Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, Исроилро аз хатари “нобудии ҳастаӣ” наҷот додааст.
Ӯ афзудааст, ки бо вуҷуди дастёбӣ ба тавофуқ миёни Теҳрон ва Вашингтон, ҳадафҳои Исроил ба таври комил амалӣ нашудаанд ва ин кишвар ба талошҳои худ идома хоҳад дод.
Нахуствазири Исроил ҷузъиёти бештаре дар бораи мақсуди худ аз идомаи ин мубориза ироа накардааст.
Изҳороти Нетаняҳу дар ҳоле матраҳ мешавад, ки тавофуқи охир миёни Амрико ва Эрон бо истиқболи шуморе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон рӯбарӯ шуда ва бисёре онро қадаме дар самти коҳиши танишҳо ва оғози музокироти бештар донистаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”