Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин 80-солагии Трампро табрик гуфт
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар як тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида 80-солагии ӯро табрик гуфта ва дар бораи баъзе мавзуъҳои муҳимми байналмилалӣ гуфтугӯ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷаи Русия рӯзи душанбе, 15-уми июн, бо нашри баёния гуфтааст, ки ин тамос аз сӯйи Путин ба ҳадафи табрики зодрӯзи Трамп анҷом шуда ва тақрибан 55 дақиқа идома доштааст.
Бар асоси баёния, ду тараф дар бораи вазъи кунунии равобити Русия ва Амрико ва ҳамчунин, эҳтимоли идомаи тамосҳо миёни мақомоти ду кишвар табодули назар кардаанд.
Путин дар ин гуфтугӯ аз “руҳияи муборизаҷӯёна”-и Трамп ва тавоноии ӯ дар убур аз мушкилот ва пайгирии аҳдофаш тамҷид кардааст.
Юрий Ушаков, мушовири аршади Путин, гуфтааст, ки мавзуъҳои матраҳшуда дар ин тамос ғайрирасмӣ буда ва бозтобдиҳандаи равобити шахсӣ миёни ду раҳбар мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”