Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
2677 довталаб дар даври дуюми озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» рақобат мекунанд
Оид ба натиҷаҳои даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, дар чорабинӣ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва дигар аъзои комиссия иштирок намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар саросари кишвар 6245 кас аз рӯйи панҷ номинатсия иштирок намуда, аз ин шумора 2677 нафар ба даврҳои минбаъда роҳхат гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки дар ВМКБ 320 нафар, вилояти Суғд 632 нафар, вилояти Хатлон 896 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 421 нафар ва шаҳри Душанбе 408 нафар ба даврҳои минбаъдаи озмун роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, ва дизайн доир мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”