Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп пас аз тавофуқ бо Эрон Нетаняҳуро “фарди бисёр сахтгир” тавсиф кард
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро “фарди бисёр сахтгир” тавсиф карда ва гуфтааст, ки ӯ бояд ба хотири тавофуқ бо Эрон аз Амрико сипосгузор бошад.
“Ал-Ҷазира” рӯзи душанбе, 15-уми июн, гузориш додааст, ки Трамп пас аз эъломи тавофуқ миёни Вашингтон ва Теҳрон, аз ҳамлаҳои ахири Исроил ба Лубнон интиқод кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо наздик буд раванди дастёбӣ ба тавофуқро бо мушкил рӯбарӯ кунад ва таъкид кардааст, ки агар Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст меёфт, Исроил бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мешуд.
Трамп, ҳамчунин, ҳушдор додааст, ки агар тавофуқи ниҳоӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ба натиҷа нарасад, ҳамлаҳо алайҳи Эрон аз сар гирифта хоҳанд шуд.
Раиси ҷумҳури Амрико, ҳамчунин, муддаӣ шудааст, ки фишорҳои низомӣ ва ҳамлаҳои пешин алайҳи Эрон дар пешбурди музокирот ва расидан ба тавофуқ нақши муҳим доштаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”