27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
15.06.2026 07:15

40-умин солгарди даргузашти Аҳмад Зоҳир: садое, ки ҳанӯз хомӯш нашудааст

Аҳмад Зоҳир, ҳунарманди шинохташуда ва аз чеҳраҳои мондагори мусиқии Афғонистон мебошад, ки бо садои хос ва сабки мухталифаш, ҷойгоҳи вижае дар таърихи мусиқии кишварҳои форсзабон ба даст оварда ва ба унвони яке аз маҳбубтарин хонандагони ҷаҳонӣ ёд мешавад.

Аҳмад Зоҳир дар 14-уми июн дар Кобул ба дунё омад ва дар даврони мактаб, замоне ки гурӯҳи мусиқии донишомӯзони литсейи Ҳабибия эҷод шуд, ба унвони овозхон ва аккордионнавоз фаъолияти худро оғоз кард.

Ӯ хеле зуд мавриди истиқболи ҷавонон қарор гирифт ва дар миёни ҳамсинфон ва дӯстдорони мусиқӣ ба номи “Булбули Ҳабибия” шинохта мешуд.

Аҳмад Зоҳир таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи худро дар литсейи Ҳабибия ба поён расонд ва дар “Дорул-муаллимин”-и Кобул ба идомаи омӯзиш пардохт, сипас, ба Ҳиндустон рафт ва ду сол дар риштаи таълиму тарбия ба таҳсилоти худ идома дод.

Пас аз солҳои фаъолияти ҳунарӣ, саранҷом дар 14-уми июни соли 1979, ки далели маргашро “садамаи нақлиётӣ” унвон кардаанд, даргузашт ва чашм аз ҷаҳон пӯшид.

Аз замони даргузашти Аҳмад Зоҳир то кунун беш аз чор даҳа мегузарад ва ҳар сол дар солрӯзи вафоти ӯ, дӯстдорони мусиқӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва бархе кишварҳои дигар хотираи ин ҳунармандро гиромӣ медоранд.

Аҳмад Зоҳир дар даврони кӯтоҳи зиндагии худ тавонист бо иҷрои оҳангҳои мондагор, таъсири амиқе бар мусиқӣ бигузорад ва ба рамзе аз ҳунар, эҳсос ва садои наслҳои мухталиф табдил шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.