27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
13.06.2026 17:57

Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода: “Мардҳо низ мегирянд”

Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон аз шумори ҳунармандони маҳбубу саршиноси кишвар аст. Тӯли фаъолияти беш аз 50-солаи эҷодиаш зиёда аз 70 нақш дар театру синамо офаридааст, ки ҳар як хотирмону ҷолиб ҳастанд. 

Мо бо ин ҳунарманди сарсупурдаи касби худ доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияташ суҳбат кардем. 

- Ҳоло пайи корҳои эҷодиам. Шукр, новобаста ба синну солам ҳоло ҳам дар театр аз ҷумлаи ҳунарпешаҳои даркорӣ ҳастам ва дар намоишҳои гуногун нақш меофарам. Ҳамчунин, дар чандин филмҳои солҳои охир низ иштирок кардам, - сухан оғоз карданд устод. 

ПОРАИ ЯКУМ:

ДАРДИ ЯТИМӢ

- Тавре аз шарҳи ҳолатон бармеояд, падару модаратон хеле барвақт ин дунёро тарк кардаанд. Дар бораи кӯдакӣ ва ятимиатон чӣ гуфта метавонед?

- Ман шашмоҳа будам, ки модарам ин дунёро тарк карданд. Модарамро умуман дар ёд надорам. Вақте ки дар мактаби миёна таҳсил мекардам, ҳамеша шеъри “Тифл мондам аз ту модар”-и шоири шаҳир Мирзо Турсунзодаро қироъат мекардам ва беихтиёр ашк мерехтам. Ҳатто агар ҳозир ҳам шеъри мазкурро қироъат кунам, ашкҳоям мерезанд. Шеърҳои устодро дӯст медорам. Гарчанде ки ман шоиру шеършинос нестам, вале чунин шеъру шоирро дигар ба дил наздик наёфтам. Фикр мекунам, дарду доғи маро устод ба қалам додаанд. Қариб чорсола будам, ки қиблагоҳам низ ин дунёи фониро падруд гуфтанд, аммо он касро кам-кам дар ёд дорам. Сипас, ман дар тарбияи бобову бибиям мондам. Ман дарду доғи ятимиро қариб, ки начашидаам, зеро бобою бибиям хеле меҳрубон ва аз ҳар гуна падару модар волотар буданд.

- Гуфтед, ки бо эҷодиёти Мирзо Турсунзода хеле наздику ошноед. Оё фикр накардед, ки дар асоси осорашон моноспектакл таҳия кунед?

- Ин бисёр фикри хуб аст, аммо барои ин корро кардан хеле заҳмат кашидан даркор ва эҷодиёти устодро аз овони ҷавониашон то пиронсолӣ пурра омӯхтан лозим аст. Сониян, хулқу атвори устодро омӯхтан ва албатта, нақши ӯро ба хубӣ иҷро карда тавонистан мебояд. Ҳарчанд дар театр нақши устодро иҷро накардаам, вале дар маҳфилҳои давлатӣ аз минбарҳои баланд офарандаи симои ӯ будам. Аз оне ки дар чандин маҳфилҳо нақши устодро бозидаам, ифтихор дорам. 

ПОРАИ ДУЮМ:

АЗ ИВАЗИ КАСБ ТО ИВАЗИ ҶОЙИ КОР

- Шумо замони мактабхонӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд доштед ва мехостед, ки ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шавед, аммо бо роҳнамоии амакатон ба факултети санъати Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) шомил гардидед. Оё иваз кардани самти таҳсил осон буд?

- Ман барои шомил шудан ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон имтиёз доштам. Аммо амакам муқобил баромаданд ва пешниҳод карданд, ки ба факултети санъати Институти педагогӣ дохил шавам. Ман аз гапи амакам баромада наметавонистам, зеро бобоям таъкид карда буданд, ки гапро ду накунам. Ҳамин тавр, бо се баҳои “4” ва як баҳои “3” ба факултети санъат шомил гардидам. 

- Тавре медонем, вақте ки донишкадаро хатм кардед, аз гурӯҳатон танҳо ба се кас роҳхати кор ба театр доданд, чаро ба шумо роҳхат надоданд?

- Он замон ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша ба кор даромадан кори саҳлу сода набуд, талабот ниҳоят сахт буд. Аз гурӯҳи мо танҳо се кас ба кор тавсия шуд ва дигаронро гуфтанд, ки худатон ҷойи кор ёбед. Дар ҳамон шабу рӯз намоиши “Арӯси таърифӣ”-ро, ки аз рӯйи асари нависандаи Ғарб Карло Голдони ҳамчун кори дипломӣ бо роҳбарии Тамара Махсумовна Абдушукурова рӯйи саҳна оварда будем, дар Театри Лоҳутӣ намоиш додем. Барои тамошои намоиш аз театрҳои ҷумҳурӣ як зумра коргардонҳо омада буданд. Аз Театри Хуҷанд саркоргардон Ислом Саломов омада буданд ва пас аз тамошои намоиш пешниҳод карданд, ки ба театри мазкур ба кор дароям. Ман қабул намудам ва дар он театр 1 солу 8 моҳ кор кардам. Шукр, давраи хуб буд ва ба ман муяссар гашт, ки дар намоишҳои зиёд нақш офарам. 

- Чӣ сабаб шуд, ки аз Хуҷанд ба Душанбе омадед ва ба Театри Лоҳутӣ пайвастед?

- Ҳамон замон дар театри Хуҷанд намоиши “Соҳибаи меҳмонхона”-ро ба саҳна гузоштанд. Барои қабули намоиш вазири вақти фарҳанг Меҳрубон Назаров, саркоргардони Театри Лоҳутӣ Хушназар Майбалиев ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадхон Турахонов омада буданд. Пас аз дидани намоиш маро ба Театри Лоҳутӣ даъват намуданд. 

ПОРАИ СЕЮМ:

КОРГАРДОН ШАХСЕ БОЯД БОШАД, КИ...

- Шумо дар Театри Лоҳутӣ аввалин нақше, ки офаридед Мартсел аз намоиши “Ҳамлет” буд. Оё аз рӯзҳои аввал ба шумо боварии зиёд доштанд? 

- Аслан, кор тамоман ранги дигар дошт. Дар намоиши мазкур ба ман нақш надоданд. Дар аввал нақши Мартселро бояд Раҷаб Ҳусейн иҷро мекард, сипас, ба ӯ нақши дигар доданд ва нақши мазкурро ба ман супурданд. 

- Дар театру синамо зиёда аз 70 нақш офаридаед. Аз ин шумора кадомаш ба зиндагии худатон наздик аст?

- Агарчи дар ҳар нақши офаридаам лаҳзае зиндагӣ кардам, вале то имрӯз ҳеҷ нақше набозидаам, ки ба зиндагии шахсиам наздик бошад. 

- Ба наздикӣ бо устод Ғолиб Исломов суҳбат доштем ва он кас гуфтанд, ки орзуи бозидани нақши Ромеоро доштанд, вале насиб нагашт. Шумо аз соли 1978 дар Театри Лоҳутӣ фаъолият мекунед, оё нақши орзуҳои худро бозидед?

- Тӯли фаъолияти эҷодӣ ба ман ҳам муяссар нагашт, ки нақши орзуҳоямро иҷро кунам. Ман орзу доштам, ки дар театр нақши Чатскийро иҷро кунам, вале насиб нашуд. Аммо аз тарафи дигар, ман замоне талабгори нақши мазкур шудам, ки хеле ҳунарпешаи ҷавон будам ва барои иҷрои нақши Чатский таҷрибаам камтар буд. 

- Ҳоло театри тоҷик чӣ мушкилот дорад?

- Фикр мекунам, ба ин савол хуб мешуд, ки театршиносон ва муҳаққиқони соҳаи санъат посух гӯянд. 

- Аз диди шумо коргардон бояд чӣ гуна бошад?

- Коргардон шахси аввали театр аст. Ҳарчанд шоҳи саҳна ҳунарпеша аст, вале муҳимтар аз ҳама коргардон аст. Коргардон бояд пеш аз ҳама инсони комил бошад. Омӯзгор бошад. Ҳунармандонро хуб дарк кунад. Мутаассифона, аз кору рафтори баъзе коргардонҳо ҳайрон мемонем. Коргардон бояд хушзабон, хушмуомила бошад, зеро агар миёни коргардон ва ҳунарпеша муносибати дуруст набошад, сифати кор паст мешавад ва тарафайн зарар мебинанд. Бадбахтона, баъзан “ман”-и бемаънии бархе коргардонҳо сифати корро бад мекунад ва ба дили ҳунарпеша нохун мезанад. 

ПОРАИ ЧОРУМ:

АЗ ҲАР ЗОВИЯ

- Дар пастшавии ахлоқи наврасону ҷавонон ҳунармандони театр низ айб доранд?

- Тарбия аз оила оғоз мешавад. Аммо мактабу ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошанд. Дар ин росто, театр ҳам метавонад дар баландшавии ахлоқи наврасону ҷавонон саҳм гузорад, вале ба шарте, ки онҳо ба театр оянд. Вақте ки онҳо ба театр намеоянд, ё ҳатто дар куҷо будани театрро намедонанд, айби ҳунармандон чист? Дар театр намоишҳои хубу диданӣ ва тарбиявӣ хеле зиёданд ва бояд онҳоро насли наврас бубинад, то сазовори ғизои бештари маънавӣ гардад.

- Дар дубляж низ хеле муваффақ ҳастед. Яке аз корҳои назаррасатон ба нақши Азми Булут аз филми туркии “Ҳидоят” овоз доданатон аст. Ин корро чӣ гуна пазируфтед ва оё ҳама шӯхиҳову луқмаҳои қаҳрамонро худаш мегӯяд ё аз худатон мебофед?

- Хушбахтона, ман бо коргардони дубляж Асадулло Ҳомидов хеле зиёд ҳамкорӣ кардаам ва ин ҳамкориҳоямон натиҷаи хуб доданд. Махсусан овоздиҳӣ дар нақши Азми Булут аз филми туркии “Ҳидоят” миёни мардум хеле машҳур шуд. Тарҷумаи филм хуб баромад ва бархе луқмаҳоро худи коргардон Асадулло Ҳомидов аз тахайюли худ ба ман пешниҳод мекард, ки албатта, ба сифати кор таъсири мусбат расонд. 

- Дар филмҳои зиёд нақш офаридаед. Оё тӯли фаъолиятатон лаҳзаҳои ғайриодӣ ё ногаҳонӣ буданд?

- Дар филми “Марги бегуноҳ” нақши сарояндаро мебозидам. Вақте ки маро паронданд, худамро ба замин партофтам ва аз баданам хуни сунъӣ ҷорӣ шуд. Ин лаҳза ҷавоне, ки баландгӯякро медошт, аз ҳуш рафт. Дар аввал фикр кардам, ки шӯхӣ мекунад, вале дидем, ки дар ҳақиқат аз худ бе худ шудааст. Пас аз ба худ омадан гуфт, ки фикр кардам, дар ҳақиқат шуморо паронданд. 

- Шумо соли 2021 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон мушарраф гардидед. Ин унвонро зиёд интизор шудед?

- Дар театр дӯстон ва ҳамкорон гаштаю баргашта таъкид мекарданд, ки бояд барои гирифтани медалу унвоне кӯшиш намоям, вале ростӣ бештар кӯшиш мекардам, ки дар кори театр пешсаф бошам ва вазифаҳои ба ман супурдаро иҷро намоям. Чанде баъд маро барои гирифтани Медали хизмати шоиста пешниҳод карданд ва вақте нагузашта ин шараф ба ман муяссар гардид. Сипас, боз барои гирифтани унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон пешниҳод шудам ва шукр онро ҳам хеле зуд ба даст овардам. Чун маро ба ин унвон лоиқ донистанд, сарам ба осмон расид. 

- Агар доир ба ҳаёту фаъолиятатон намоиш таҳия мекарданд, номаш чӣ мешуд?

- “Ормонҳои Бурхвалӣ”.

- Аз чӣ ифтихор мекунед?

- Аз он ифтихор мекунам, ки нисбат ба касбам содиқ мондам ва зиёда аз панҷоҳ сол мешавад кор мекунам. 

- Аз чӣ пушаймонед?

- Пушаймон аз онам, ки баъзан бо сабаби хоксорӣ ё беҷуръатӣ ҳаққи худамро талаб намекардам. Ман бояд аз коргардонҳои асил меомӯхтам. 

- Мегӯянд занҳо барои ҳазми ғаму андӯҳ гиря мекунанд, мардҳо чӣ?

- Мардҳо низ мегирянд. Мард дар бисёр ҳолатҳо маҳз бо гиря рӯҳи худро сабук мекунад ва ин ҳеҷ ҷойи айбу шарм надорад. Тавре дар аввали суҳбат гуфтам, ҳар вақте ки шеъри “Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест”-и устод Мирзо Турсунзодаро мехонам ё аз касе мешунавам, беихтиёр ашк мерезам.

- Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаёти шумо бошад, чӣ кор мекунед?

- Беҳтараш бо рубоии устод Лоиқ Шералӣ посух мегӯям, ки гуфтаанд:

Донам, ки агар пагоҳ мемирам ман,

Аз зиндагӣ қасди хеш мегирам ман.

Ҳар чиз, ки дорам, ҳама афканда бар об,

Чун об ба ҳоли хеш мегирям ман.

Мусоҳиб 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.