27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
13.06.2026 11:28

Путин: “Русия ҳамлаҳои ҷавобиро афзоиш медиҳад ва бар рушди паҳподҳои ҳушманд тамаркуз дорад”

Владимир Путин, раиси‌ ҷумҳури Русия дар дидор бо иштироккунандагони “амалиёти низомии вижа” дар Кремл гуфтааст, ки Русия ҳамлаҳои ҷавобии худро афзоиш хоҳад дод.

Хабаргузории ТАСС гузориш додааст, ки Путин ин изҳоротро рӯзи ҷумъа, 12-уми июн, ҳамзамон бо Рӯзи Русия ва Рӯзи неруҳои низомии ин кишвар, матраҳ кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки беш аз 700 ҳазор сарбози рус дар минтақаи “амалиёти низомии вижа” ҷобаҷо ҳастанд ва неруҳои ин кишвар ба гунаи тадриҷӣ дар ҳоли пешравӣ ҳастанд.

Раиси‌ ҷумҳури Русия афзудааст, ки воҳидҳои ҳамлавар нақши калидӣ дар майдони набард доранд ва давлат дар ҳоли баррасии барномаҳои омӯзишӣ, табобатӣ ва корӣ барои иштироккунандагони ин амалиёт аст.

Путин, ҳамчунин, гуфтааст, ки Русия дар ҳоли рушди паҳподҳои FPV ва системаҳои бидуни сарнишини муҷаҳҳаз бо зеҳни сунъӣ аст ва Вазорати дифои ин кишвар дар ҳоли табдил шудан ба як ниҳоди пешрафтаи технологӣ мебошад.

Ӯ иддао кардааст, ки Русия системаи беҳтар аз “Starlink”-ро сохтааст ва дар ҳоли густариши шабакаи моҳвораии худ аст, аммо ба гуфтаи ӯ ин зарфият ҳанӯз кофӣ нест.

Раиси ‌ҷумҳури Русия афзудааст, ки Маскав дар талош аст тавоноии дифои ҳавоии худро тақвият диҳад ва дар соҳаи силоҳ ҳамеша як қадам пештар аз тарафи муқобил қарор дошта бошад.

Путин ҳамчунин, гуфтааст, кишварҳои НАТО набояд бо Русия вориди ҷанг шаванд ва ҳушдор додааст, ки чунин иқдом паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.