Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тасарруфи беш аз миллион сомонӣ. Сармуҳосиб ва муҳосиби як институти Академияи миллии илмҳо боздошт шуданд
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор кардани як ҳолати азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷаи тафтиши пешакӣ, Аҳмадов С.М. вақти фаъолият дар вазифаи сармуҳосиби Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз ваколатҳои мансабдориаш бо муҳосиби институти болозикр Исмати Ф.С. нақшаи тасарруфи маблағҳои буҷетиро аз ҳисоби музди меҳнати омӯзгорон ва дигар хароҷотҳо тарҳрезӣ намуданд.
“Зимнан номбурдагон қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт давоми солҳои 2023-2025 бо роҳи сохтакории асноди муҳосиботӣ дар якчанд ҳолат ҷамъ маблағи 1.046.366 сомониро ҳамчун пардохти музди маош ва дигар хароҷотҳо дар ҳисоботҳои институт нишон дода, ин миқдор маблағро ба кортҳои бонкии худ интиқол дода, онро нақдӣ кунонида, ба тасарруфи худ дароварданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки доир ба ҳолати мазкур нисбат ба Аҳмадов С.М. ва Исмати Ф.С. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”