Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аҳмад Масъуд: “Вақти биёнияҳои норӯшан, хомӯшӣ ва бетарафӣ нест”
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар вокуниш ба саркӯби эътирозҳои Ҳирот аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон гуфтааст, ки имрӯз, замони биёниҳаҳои норӯшан, хомӯшӣ, бетарафӣ ва ҳамдардиҳои бенатиҷа нест.
Аҳмад Масъуд, рӯзи ҷумъа, 12-уми июн дар саҳифаи “X” навиштааст, ки режими Толибон бар пояи тарс, таҳқир ва хушунат бар мардум асос ёфтааст.
Масъуд гуфтааст, дар шароите, ки расонаҳо саркӯб шудаанд, роҳҳои додхоҳӣ баста аст ва ҳақиқатҳо зери сояи сензур ва таҳдид пинҳон мемонанд, он чи аз Кобул ва Ҳирот ба берун расидааст, танҳо гӯшае аз “зулмҳои васеъ ва ҷиноятҳои бепоёни режими саркӯбгари Толиб” аст.
Ӯ афзудааст: “Занони шуҷоъи Ҳирот! Шумо танҳо нестед. Мо дар паҳлӯи шумо, барои ҳимояи озодӣ ва қадри инсонӣ истодаем”.
Аҳмад Масъуд гуфтааст аз “неруҳои миллӣ, элитаҳо, сиёсатмадорон, уламоҳо, шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ, расонаҳо ва ниҳодҳои масъули байналмилалӣ” хостааст, то аз хомӯшӣ ва эҳтиётӣ гузаранд ва дар баробари ин “зулми ошкор” мавқеи “равшан ва масъулона” қабул намоянд.
Рӯзи сешанбе эътирозҳои мардуми шаҳри Ҳирот аз ҷониби Толибон бо тирпаронии мустақим ба сӯйи эътирозгарон рӯбарӯ шуд.
Бар асоси гузоришҳо, дар ин эътирозҳо дастикам ду нафар, аз ҷумла як зан ва як кӯдак кушта ва бештар аз 30 нафари дигар захмӣ шуданд.
Саркӯби ин эътирозҳо аз ҷониби Толибон бо вокунишҳои зиёд дар дохил ва хориҷи кишвар ва ҳамчунин ниҳодҳои байналмилалӣ рӯбарӯ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”