Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бозии 100-ум. Ба капитани тими миллии Тоҷикистон мошини барқӣ туҳфа карданд
Аҳтам Назаров, капитани тими миллии Тоҷикистон дар вохӯрии дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон (1:1) ба майдон баромад ва ин бозии 100-уми ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар буд.
Ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ аз номи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Аҳтам Назаров, капитани тими миллии Тоҷикистон автомобил тақдим карда шуд.
“Аз самими қалб ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои чунин туҳфаи арзишманд ва хотирмон миннатдории худро баён мекунам. Эҳсоси дастгирӣ ва эҳтиром барои ман бисёр хушоянд аст. Ин на танҳо барои ман мояи хушҳолӣ, балки барои ҳамаи бозигарон ангезаи бузургест, то боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба дастовардҳои нав ноил гарданд”, - навиштааст маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли Аҳтам Назаров.
Ҳамчунин, капитани тими миллии Тоҷикистон иброз доштааст, ки барояш Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ кардан ва узви мунтахаби миллӣ будан ифтихори бузург аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”