Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Трамп: “Имшаб ҳам ба Эрон ҳамла хоҳем кард”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори дигар бо суханони таҳдидомез ба сӯйи Эрон гуфтааст, ки имшаб низ ба Эрон ҳамла хоҳанд кард.
Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе, 11-уми июн дар шабакаи иҷтимоии худ “Truth Social” муддаӣ шудааст, ки ҷазираи Хорк ва дигар таъсисоти энержии Эронро дар ихтиёр хоҳад гирифт.
Вай дар ин бора гуфтааст: “Беҳтар аст, ки ҷазираи Хоркро тасарруф кунам, аммо мутмаин нестам, ки тамоюле ба анҷоми ин кор дошта бошем”.
Ӯ ҳамчунин, дар дигаре аз изҳороти худ чунин иддао кардааст: “Масъалаи Эрон тамом шудааст ва мо метавонем фардо неруҳои худро биёварем, аммо намехоҳам неруи заминиро раҳсипор кунам”.
Доналд Трамп дар ҳоле бори дигар таҳдидҳои худ алайҳи Эронро такрор ва таъкид мекунад, чанд шаб пеш муддаӣ шуда буд, ки барои сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон талош мекунад.
Раиси ҷумҳури Амрико, ҳамчунин, дар гуфтугӯ бо шабакаи “Фокс Нюз” дар суханони мутаноқизи худ муддаӣ шуд: “Мо ҳанӯз ба андозаи кофӣ ба Эрон зарба намезанем ва фишорҳо бояд афзоиш ёбад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”