27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
11.06.2026 16:28

Арабистони Саудӣ ҳамлаи Амрикоро не, Эронро маҳкум кард

Арабистони Саудӣ бо маҳкум кардани ҳамлаҳои Эрон бар Урдун, Кувайт ва Баҳрайн, хоҳони коҳиши танишҳо дар минтақа шудааст.

Шабакаи “Ал-Ҷазира”, рӯзи панҷшанбе, 11-уми июн, гузориш дода, ки Вазорати корҳои хориҷаи Арабистони Саудӣ идомаи ҳамлаҳои Эронро ба ташдиди танишҳо дар минтақа хатарнок хондааст, аммо аз ҳамлаҳои Амрико ба хоки Эрон чизе нагуфтааст.

Бар асоси гузориш, Вазорати хориҷаи Арабистон дар замн, бар бозгашт ба талошҳои дипломатӣ барои ҳалли танишҳо таъкид кардааст.

Дар гузориш омада, ки Арабистон “хирадварзӣ бо бозгашт ба талошҳои дипломатӣ ва азсаргирии музокироти созанда”-ро бо миёнҷигарии Покистон ва Қатар мавриди таъкид қарор додааст.

Дар рӯзҳои охир танишҳо миёни Амрико ва Эрон афзоиш ёфта ва ду кишвар ба ҳамлаҳои мутақобили мушакӣ даст задаанд.

Расонаҳои эронӣ субҳи имрӯз аз ҳамлаи ҷавобии кишвари худ хабар доданд ва гуфтанд, ки неруҳои Сипоҳи посдорони ин кишвар пойгоҳҳои Амрикоро дар Кувайт, Баҳрайн ва Урдун мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор доданд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.