Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Мурғоб аввалин неругоҳи бодӣ ба истифода дода мешавад
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 22 неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 13 мегаватт сохта шудаанд.
Манбаъ навиштааст, ки лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз ҷониби ҶСК «Помир Энерҷӣ» амалӣ гардида истодааст.
“Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар арафаи ин иди бузурги миллӣ ҶСК «Помир Энерҷӣ» тасмим гирифтааст боз 7 неругоҳи нави офтобиро бо иқтидори умумии 540 киловатт ба истифода диҳад”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт дар деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоб ба истифода дода хоҳад шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки татбиқи лоиҳаҳои мазкур қадами муҳим дар роҳи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди «иқтисоди сабз» ва дастгирии аҳолии минтақаҳои кӯҳистони кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”