27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
11.06.2026 10:33

Барои довталабони тоҷик 50 бурсияи таҳсил дар Чин ҷудо шудааст

Мақомоти ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 адад бурсия ҷудо намудааст.

Тавре ки Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» хабар медиҳад, бурсияҳои мазкур барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли таҳсили 2026-2027 пешбинӣ гардида, ба довталабон имконият медиҳанд, ки дар риштаҳои гуногуни муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат таҳсил намоянд.

Қабули довталабон барои зинаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура амалӣ шуда, зиёда аз 200 ихтисос ва барномаҳои таълимӣ пешниҳод мегардад.

Бурсия хароҷоти асосии таҳсилро фаро гирифта, барои донишҷӯён шароити мусоиди таълим фароҳам меорад.

Манбаъ меафзояд, ки давомнокии таҳсил дар бакалавриат 4 сол, магистратура 3 сол ва аспирантура 4 солро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, талабот нисбат ба довталабон чунин аст: шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шиносномаи хориҷии амалкунанда дошта бошад, аз ҷиҳати тиббӣ солим, доғи судӣ надошта бошад ва аз ҷиҳати синну солӣ аз 25 то 45-сола бошад.

Дар ин росто, гуфта мешавад, ки барои қабул ба баъзе ихтисосҳо донистани забони чинӣ талаб карда мешавад. Барои довталабоне, ки забони чиниро намедонанд, таҳсил дар факултети омодагӣ пешбинӣ шудааст.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун 20-уми июни соли равон муқаррар гардидааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.