Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Олимону муҳаққиқони тоҷик ба узвияти Академияи илмҳои Осиё пазируфта шуданд
Бист олиму муҳаққиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Академияи илмҳои Осиё пазируфта шуданд.
Тавре ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, тибқи қарори қабулшуда, ба ҳайси аъзои комили (академикҳои) Академияи илмҳои Осиё Эмомалӣ Насриддинзода, Саймумин Ятимов, Қобилҷон Қурбонов, Сайфиддин Давлатзода, Талбак Назаров, Маҳкам Маҳмудзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Абдусаттор Саидов интихоб гардиданд.
Манбаъ меафзояд, ки ҳамзамон Қудрат Давлатзода, Хайрулло Назарзода, Маҳмадшоҳ Гулзода, Нуриддин Муҳиддин, Усмон Маҳмадёрзода, Саидмуқим Ибодзода, Илҳом Амонзода, Акобир Мирзораҳимзода, Муҳаммаддовуд Саломиён, Қосимшо Искандаров ва Жило Гулназарзода ба ҳайси аъзои вобаста (аъзои мухбир)-и Академияи илмҳои Осиё интихоб шуданд.
“Қабули олимони тоҷик ба ҳайати Академияи илмҳои Осиё барои таҳкими ҳузури Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ҷаҳонии илм, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори илмии кишвар заминаи мусоид фароҳам месозад”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”