Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Билл Гейтс: “Аз фаъолиятҳои ҷинояткоронаи Эпстайн огоҳӣ надоштам”
Билл Гейтс бунёдгузори ширкати “Майкрософт” (Microsoft) дар ҷараёни ҷаласаи баррасии иртиботҳояш бо Ҷеффри Эпстайн (Jeffrey Epstein), ҷинояткори ҷинсии амрикоӣ, гуфтааст, ки ҳаргиз ба касе осеб нарасондааст ва аз фаъолиятҳои ҷинояткоронаи Эпстайн огоҳӣ надоштааст.
Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи чоршанбе, 10-уми июн, гузориш додааст, ки Гейтс дар баробари кумитаи назорати Маҷлиси намояндагони Амрико ҳозир шуда ва дар бораи равобити худ бо Эпстайн тавзеҳ додааст.
Ӯ гуфтааст: “Ҳаргиз ба ҷазира, мазраа ё хонаи Эпстайн дар Флорида нарафтам. Ман ҳаргиз ба касе осеб нарасондаам”.
Ба гуфтаи ӯ, замоне, ки дар соли 2011 бо Эпстайн ошно шуд, аз амалҳои комили ӯ огоҳӣ надошт.
Гейтс таъкид кардааст, ки иртиботаш бо Эпстайн дар соли 2014 поён ёфт ва пас аз он ҳеч гуна тамос ё дидоре бо ӯ надоштааст.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки кумитаи назорати Маҷлиси намояндагони Амрико дар ҳоли баррасии аснод ва равобити афроди саршинос бо Ҷеффри Эпстейн аст: фарде, ки дар соли 2019 ҳангоми интизор барои муҳокима ба ҷинояти қочоқи ҷинсии духтарони зери синни қонунӣ дар зиндон ҷон бохт.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”