Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Давлаталӣ Саид ба пайвандони Файзалӣ Раҳимов ҳамдардӣ кард
Имрӯз, 10-уми июн дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба манзили истиқоматии марҳум Файзалӣ Раҳимов рафта, ба пайвандону наздикони ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, Файзалӣ Раҳимов, сокини деҳаи Балхиёни ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар натиҷаи офати табиӣ дар ноҳияи Панҷ ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҷони худро аз даст дод.
Манбаъ меафзояд, ки Давлаталӣ Саид аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба оилаи марҳум кумаки пулӣ ва молӣ расонида, изҳор дошт, ки хонаводаи Файзалӣ Раҳимов минбаъд низ зери ғамхорӣ ва дастгирии доимии мақомоти давлатӣ қарор хоҳад гирифт.
“Пайвандону наздикони марҳум барои таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳои башардӯстона дар ин рӯзҳои сангини мусибат боиси тасаллӣ ва рӯҳбаландии онҳо мегардад”, - навиштааст хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”