Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исмоил Бақоӣ: “Вашингтон бо нақзи пайвастаи оташбас ба раванди дипломатӣ осеб мерасонад”
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, ҳамзамон бо ташдиди даргириҳои низомӣ миёни Эрон ва Амрико, гуфт, ки Вашингтон бо “нақзи пайвастаи оташбас”, ба раванди дипломатӣ осеб мерасонад.
Хабаргузории “Меҳр”, рӯзи чоршанбе, 10-уми июн, гузориш додааст, ки Исмоил Бақоӣ, “нақзи пайвастаи оташбас”-ро аз сӯи Исроил дар Лубнон низ омили осеб дидани раванди дипломатӣ донистааст.
Бар асоси гузориш, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, ки барои пешбурди ҳар музокирае ниёз ба як фазои ҳадди ақал вуҷуд дорад, то кори дипломатӣ пеш бурда шавад.
Вай афзудааст, ки Теҳрон ҳар куҷо лозим бошад, аз абзори дипломатия ва ҳар ҷо зарур донад, аз неруи низомӣ истифода хоҳад кард.
Теҳрон ва Вашингтон аз ҳафтаҳо ба ин сӯ бо миёнҷигарии Покистон дар ҳоли музокира ҳастанд, аммо дар рӯзҳои ахир бо нақзи оташбас аз ҷониби Амрико ва Исроил даргириҳои низомии ду тараф афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”