27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
10.06.2026 13:34

Ҷей-Ди Вэнс: “Ба тавофуқ бо Эрон мумкин аст як ҳафта ё чанд моҳ вақт лозим бошад”

Ҷей-Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, гуфта, ки Иёлоти Муттаҳида ба дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон “бисёр наздик” аст, аммо ин тавофуқ метавонад ҳафтаи оянда ё моҳҳо баъд ҳосил шавад.

Ҷей-Ди Вэнс, ин мавзуъро рӯзи сешанбе, 9-уми июн, дар мусоҳиба бо “Си-би-эс Нюз”, баён карда ва гуфтааст, ки эҳсос мекунад ба тавофуқе бо Эрон даст хоҳанд ёфт.

Бар асоси гузориш, муовини раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки ин тавофуқ метавонад “қатъан” қабл аз интихоботи миёндавраии ноябр ҳосил шавад.

Ӯ афзудааст: “Ман фикр мекунам, ки ин тавофуқ метавонад дар ҳафтаи оянда иттифоқ биафтад, аммо ин тавофуқ, ҳамчунин, метавонад моҳҳо баъд ба даст ояд”.

Бо ин ҳол, Доналд Тромп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе гуфтааст, ки музокирот бо Эрон дар “нуқоти поёнӣ”-и худ аст ва эҳтимоли тавофуқ дар “ду ё се рӯз” вуҷуд дорад.

Эрон ва Амрико аз чанд ҳафта инҷониб дар ҳоли музокира бо миёнҷигарии Покистон барои дастёбӣ ба як тавофуқи сулҳ ҳастанд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки ду тараф ба чунин тавофуқе даст хоҳанд ёфт ё на.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.