27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
10.06.2026 06:41

Фарҳоди Дарё ба боздошти занони Ҳирот ва саркӯби эътирозгарон аз сӯйи Толибон вокуниш кард

Фарҳоди Дарё, овозхони машҳури Афғонистон, дар вокуниш ба боздошти занон дар Ҳирот гуфтааст, ки ин иқдомҳо ба маънои маҳдудтар шудани бештари ҳуқуқи занон ва ҳатто ҳазфи комили онҳо дар Афғонистон аст.

Фарҳоди Дарё рӯзи сешанбе, 9-уми июн дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии  Фейсбук навиштааст, ки боздоштҳои густарда ва ҳамроҳ бо хушунати занон дар Ҳирот, ба ҳар ном ва баҳонае, ки бошад, амалан ба маҳдудсозии ҳуқуқи занон дар Афғонистон оварда мерасонад.

Ӯ афзудааст, ки мавҷи тозаи “боздоштҳои таҳқиромез” дар баробари чашми мардум, ба вижа бошандагони Ҳирот, фазои ин шаҳрро башиддат муташанниҷ сохта ва мардумро ба вокуниш водоштааст.

Фарҳоди Дарё, ҳамчунин, бо ишора ба гузоришҳо ва тасвирҳои мунташиршуда аз эътирозҳо дар Ҳирот гуфтааст, ки ин эътироз ба хушунат кашида шуда ва ҷангҷӯёни Толибон ба сӯйи ғайринизомиён тирандозӣ кардаанд.

Боздошти занон дар Ҳироти Афғонистон ба далели надоштани бурқа (ҳиҷоб) тавассути гурӯҳи террористии Толибон, илова бар чеҳраҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи башар, бо вокунишҳои ҳунармандони машҳури Афғонистон низ рӯбарӯ шудааст.

Пеш аз ин низ Ориёно Саид, овозхони машҳури Афғонистон, гуфта буд, ки дар ҳеч даврае аз таърихи Афғонистон занон то ин ҳад мавриди беэҳтиромӣ ва маҳдудият қарор нагирифта буданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.