Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп муҳосираи дарёии Эронро муассиртар аз бомбборон хондааст
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико иддао кардааст, ки муҳосираи бандарҳои дарёии Эрон аз сӯи Амрико қавитар аз бомбаборонҳо мебошад.
Шабакаи “Ал-Ҷазира”, рӯзи сешанбе, 9-уми июн гузориш додааст, ки ин мавзуъро Доналд Трамп, ҳангоми тарки Ню-Йорк ба самти Вашингтон, дар майдони ҳавоӣ ба хабарнигорон иброз кардааст.
Бар асоси гузориш, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки фикр мекунад, ба як созиши хуб бо Эрон хеле наздик аст.
Трамп иддао кардааст: “Он чи ки собит шуда хеле қудратманд аст, муҳосира аст, муҳосираҳо хеле қавитар аз бомбборон ҳастанд ва дар асл як омезиши ҳамлаи аввалияи мо ва сипас, муҳосира буд, аммо медонед, ки иқтисоди онҳо воқеан зарар дидааст ва онҳо мақсад доранд ба созиш бирасанд”.
Дар ҳафтаҳои охир Доналд Трамп бо баёнияҳои муттазоди худ борҳо гуфтааст, ки ба имзои як созиши “хуб” бо Эрон хеле наздик аст.
Ба дунболи ҳамлаи 39-рӯзаи Амрико ва Исроил ба Эрон ва баста шудани тангаи Ҳурмуз аз ҷониби Теҳрон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳосираи дарёии ин кишварро оғоз карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”