Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия Ғарбро ба иҷрои “нақшаҳои шубҳанок” дар мавриди Фаластин муттаҳам кард
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия, гуфтааст, ки сохторҳои ғарбӣ дар ҳоли тарвиҷи тарҳҳои шубҳаноке барои иттиҳоди сарзаминҳои фаластинӣ бо кишварҳои арабӣ ҳастанд.
Хабаргузории “ТАСС”, рӯзи сешанбе, 9-уми июн гузориш дода, ки Мария Захарова, таъкид кардааст, талошҳо барои ҳаллу фасл дар Ховари Миёна бидуни дар назар гирифтани мавзеъи кишварҳои арабӣ маҳкум ба шикаст аст.
Бар асоси гузориш, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, сохторҳои ғарбиро “андешкадаҳои” таҳти ҳимояти давлатҳои ғарбӣ хондааст.
Захарова гуфта, ки идеяҳои монанди он қаблан шунида шуда ва тавассути мардуми Фаластин ва кишварҳои арабӣ қотеъона рад шудааст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст: “Мо борҳо таъкид кардаем, ки талошҳо барои иқдом дар ҳаллу фасли Ховари Миёна бидуни дар назар гирифтани мавзеъи кишварҳои арабӣ маҳкум ба шикаст аст ва иҷозаи дастёбӣ ба суботи пойдорро намедиҳад”.
Ба гуфтаи ӯ, ин амр ба вижа акнун, ки Ховари Миёна бо буҳрони ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон даргир аст, бисёр муҳим мебошад.
Мария Захарова, бар эҷоди талошҳои ҳамоҳангии байналмилалӣ ва минтақаӣ барои ҳалли мавзуи Фаластин таъкид кардааст.
Ба дунболи оғози ҷанги Ҳамос ва Исроил дар 7-уми октябри соли 2023 буҳрони Фаластин вориди марҳалаи ҷадиде шуда ва Исроил бар муҳоҷирати ҷамъии фаластиниҳо ба кишварҳои дигар таъкид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”