Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Шумори ҷонбохтагон аз эбола дар Конго ба 101 нафар расид
Мақомҳои тандурустии Ҷумҳурии Демократии Конго эълом кардаанд, ки шумори ҷонбохтагони тасдиқшудаи бемории эбола дар ин кишвар ба 101 тан расидааст.
Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи душанбе, 8-уми июн, ба нақл аз мақомҳои тандурустии Конго гузориш додааст, ки дар 24 соати гузашта 35 мавриди нави беморӣ ва 10 мавриди марг сабт шудааст.
Бар асоси гузориш, дар маҷмуъ 550 мавриди тасдиқшудаи беморӣ ба эбола дар ин кишвар сабт шудааст, ки аз ин миён, 294 маврид дар Итури, 15 маврид дар Кивуи шимолӣ ва се маврид дар Кивуи ҷанубӣ гузориш шудааст.
Мақомҳои тандурустии Конго гуфтаанд, ки густариши беморӣ дар минтақаҳои гирифтори ҷанг дар шарқи ин кишвар идома дорад ва ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ раванди назорати ин бемориро бо мушкил рӯбарӯ кардааст.
Дар гузориш омадааст, ки ҳамла ба дастаҳои тандурустӣ ва маҳдудияти дастрасӣ дар баъзе минтақаҳо, маъракаи назорати бемориро бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.
Пеш аз ин, ниҳодҳои тандурустии байналмилалӣ дар бораи густариши бемориҳои сироятӣ дар минтақаҳои ноороми Африқо ҳушдор дода ва бар тақвияти низомҳои тандурустӣ ва назорати эпидемиологӣ таъкид карда буданд.
Эболa яке аз бемориҳои вирусии хеле хатарнок ва марговар аст, ки дар гузашта низ дар чандин кишварҳои Африқо талафоти густурдаи инсонӣ боқӣ гузошта буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”