Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп аз Эрон ва Исроил хостааст ҳамлаҳо алайҳи якдигарро фавран қатъ кунанд
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз Эрон ва Исроил хостааст, ки ҳамлаҳо алайҳи якдигарро фавран қатъ кунанд ва ба даргирии ҷорӣ хотима диҳанд.
“Ал-Ҷазира” рӯзи душанбе, 8-уми июн гузориш додааст, ки Трамп бо ишора ба давом ёфтани даргирӣ, аз ду тараф хостааст аз амалҳои низомии бештар худдорӣ кунанд.
Трамп дар вокуниш ба ҳамлаҳои ду тараф гуфтааст: “Исроил ва Эрон бояд фавран тирандозиро қатъ кунанд”.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо миёни Эрон ва Исроил дар рӯзҳои охир афзоиш ёфта ва ду тараф ҳамлаҳои муқобиларо алайҳи якдигар анҷом додаанд.
Даргириҳои охир нигарониҳоро дар бораи густариши буҳрон ва номуайянии бештар дар Ховари Миёна зиёд кардааст.
Қаблан Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, низ нисбат ба оғози дубораи ҳамлаҳо миёни Эрон ва Исроил ҳушдор дода ва аз тарафҳои даргир хоста буд, ба мизҳои музокира баргарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”