Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Никол Пашинян пирӯзии ҳизби худ дар интихоботи парлумонии Арманистонро эълом кард
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, пас аз эъломи натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонӣ, ки нишон медиҳад ҳизби ӯ бо ҳудуди 54 дарсади овоз пештоз мебошад, пирӯзии худро эълом кардааст.
“Си-би-сӣ Нюз” рӯзи 8-уми июн гузориш дода, ки бар асоси натиҷаи аввалияи мунташиршуда аз маркази раъйдиҳӣ, ҳизби “Паймони маданӣ”-и Пашинян дар садри рақобатҳои интихоботӣ қарор гирифтааст.
Пашинян дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки ҳизби ӯ пирӯзи интихобот шуда ва ин натиҷаро “як пирӯзии таърихӣ” тавсиф кардааст.
Бар асоси гузориш, ҳизби мухолифи “Арманистони қавӣ” бо 21.9 дарсади раъй дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифта ва “Эътилофи Арманистон” бо 8.7 дарсад дар рутбаи севум қарор дорад.
Ин интихобот ба унвони нахустин интихоботи саросарӣ пас аз шикасти низомии Арманистон дар баробари Озарбойҷон дар соли 2023, озмуни муҳим барои сиёсатҳои хориҷии Пашинян ба шумор меравад.
Дар ҳамин ҳол, мизони ширкат дар интихоботи парлумонии Арманистон ҳудуди 59 дарсад гузориш шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”