Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон: Зарбаҳои сангине ба ҳадафҳои муҳим дар сарзаминҳои ишғолӣ ворид шуд
Сухангӯи Қароргоҳи марказии Хотам-ул-анбиёи Эрон аз ворид кардани зарбаҳои сангин ба ҳадафҳои муҳим дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Иброҳим Зулфиқорӣ, сухангӯи Қароргоҳи марказии Ҳазрати Хотам-ул-анбиё соате пеш ҷадидтарин иттилоияи ин қароргоҳро қироат кардааст.
Дар ин иттилоия омадааст: “Ҳамон тавре, ки ваъда дода будем амал кардем, неруҳои мусаллаҳи муқтадири Ҷумҳурии Исломии Эрон иборат аз Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон собит кардаанд, ки дар авҷи омодагиҳои дифоӣ ва ҳуҷумӣ ба ончӣ гуфта мешавад бо суръати амал ва диққати боло иқдом намуда ва душманони амрикоӣ ва саҳюнистиро аз кардаи худ пушаймон мекунанд”.
Гуфта мешавад, ки мавҷи ҷадиди ин ҳамлаҳои муҳим ва ҳассос ба сарзаминҳои ишғолӣ анҷом дода шудааст.
Дар баёнияи Қароргоҳи марказии Ҳазрати Хотам-ул-анбиё ҳамчунин, омадааст: “Неруҳои муқовимати ифтихорофарин дар минтақа таҳти ҳар шароите ва дар муқобили ҳар таҳдиде истодагӣ намуда ва ҳаргиз сари таслим дар муқобили душманони бозанда дар ҷанг, фуруд нахоҳанд овард ва дар сурати тадовуми таҷовуз ва шарорат бо шиддати бештаре бо онҳо бархӯрд хоҳад шуд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”