27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
08.06.2026 13:52

Азимҷон Валиев ва Фаридуншоҳ Ваҳобов ду касро аз худкушӣ наҷот доданд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ду мардро барои наҷот додани ду зан аз худкушӣ қадрдонӣ кард.

Манбаъ навиштааст, ки 1-уми июни соли ҷорӣ Азимҷон Валиев ҳангоми қарор доштан дар соҳили дарёи Душанбе ҷавондухтареро мушоҳида намуд, ки бо қасди худкушӣ худро ба об партофта буд. Номбурда бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ фавран ба кӯмак шитофт ва бо ҷасорату матонат тавонист ҷавондухтарро аз ғарқшавӣ ва хатари марг наҷот диҳад.

Ҳамчунин, дар ҳамон рӯз Фаридуншоҳ Ваҳобов ҷавонзанеро, ки бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Кофарниҳон партофта буд, бо эҳсоси баланди инсонӣ аз ғарқшавӣ наҷот дод.

Гуфта мешавад, ки Азимҷон Валиев ва Фаридуншоҳ Ваҳобов аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ бо Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

“Милитсияи пойтахт ба чунин шаҳрвандони фаъолу ватандӯст, ки нисбат ба мушкилоти ҷомеа бетараф нестанд ва бо амалҳои нек дар ҳифзи ҳаёт ва амнияти шаҳрвандон саҳми арзанда мегузоранд, самимона изҳори сипос менамояд”, - афзудааст манбаъ.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.