27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
08.06.2026 11:51

Трамп: “Нетаняҳу бояд ҳар тавофуқи Амрико бо Эронро қабул кунад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ҳар тавофуқи эҳтимолие, ки Иёлоти Муттаҳид бо Эрон ба даст меорад, онро бояд қабул кунад.

“Фокс Нюз” рӯзи душанбе, 8 –уми июн, гузориш додааст, ки ин изҳорот пас аз афзоиши танишҳо миёни Эрон ва Исроил ва дар пайи ҳамлаи мушакии Теҳрон ба ин кишвар матраҳ шудааст.

Бар асоси гузориш, Эрон дар нахустин ҳамлаи худ аз замони оташбаси моҳи апрел мушакҳое ба самти Исроил партоб кардааст: иқдоме, ки нигарониҳо дар бораи эҳтимоли аз сар гирифтани даргириҳоро афзоиш додааст.

Исроил гуфтааст, ки ин мушакҳо як теъдодашон боздошта шудаанд ва теъдоде дар минтақаҳои кушод фурӯ рехтаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои низомии Исроил ҳушдор додаанд, ки Эрон бо ин иқдом “хатоии калон” содир кардааст.

Ин суханон дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки як мақоми амрикоӣ гуфтааст, Вашингтон ҳоло интизори ҳамлаи фаврии Исроил ба Эрон нест ва бовар дорад, ки ҳанӯз имконият барои пешбурди музокирот бо Теҳрон вуҷуд дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.