Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Си Ҷинпин бар тақвияти ҳамкориҳои Чин ва Кореяи Шимолӣ таъкид кард
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, гуфтааст, ки Пекин ва Пхенян ҳамкориҳои стратегии худро бар пояи баробарӣ ва манофеи муштарак барои “асри нав” тавсеа додаанд.
Хабаргузории “Синхуа”, рӯзи якшанбе, 7-уми июн, гузориш дода, ки Си Ҷинпин ин изҳоротро дар остонаи сафари худ ба Кореяи Шимолӣ ва дар чаҳорчӯби гуфтугӯҳои дуҷониба матраҳ кардааст.
Бар асоси гузориш, раиси ҷумҳури Чин гуфта, ки равобити ду кишвар дар солҳои охир вориди марҳалаи тозае аз пешрафт ва густариш шуда ва ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталиф рушд ёфтааст.
Си Ҷинпин афзудааст: “Дар баробари вазъияти тағйирёбанда ва печидаи байналмилалӣ, Чин ва Кореяи Шимолӣ бар пояи эҳтироми мутақобил ва эътимоди сиёсӣ, мушорикати стратегии худро тавсеа додаанд.”
Раиси ҷумҳури Чин ҳамчунон гуфта, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, энергетика, илм ва фанноварӣ, табодулоти мардумӣ ва лоиҳаҳои минтақаӣ идома ёфта ва равобит миёни ду кишвар мустаҳкамтар шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”