Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Ҳиндустонро шикаст дод
Шоми гузашта дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон ва мунтахаби Ҳиндустон баргузор гардид.
Дар ин дидори дӯстона, ки барои сармураббии нави тими миллӣ Игор Ангеловский бозии аввалин ҳисобида мешуд, футболбозони тоҷик маҳорати хуб нишон дода, ба ҳисоби 3:1 ғолиб шуданд.
Дар 45 дақиқаи аввал футболбозони тоҷик аз ҳамтоёни худ чандон пешравии назаррас надоштанд. Дар ин қисм танҳо Шериддин Бобоев аз зарбаи 11-метра ҳисобро кушод. Аммо дар 45 дақиқаи дуюм бозии пурра ба фоидаи футболбозони тоҷик буд. Дар қисми мазкур Меҳрубон Каримов ва Эҳсони Панҷшанбе голҳои дуюм ва сеюми мунтахаби кишварро ба самар расонданд.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Игор Ангеловский ба рақобатҳои дӯстона 26 бозигарро даъват намудааст, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.
Ёдовар мешавем, ки бозии дуюми дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон 9-ум июн баргузор мегардад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”