Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ: “Хавфи омадани сел вуҷуд дорад”
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавои номусоиди чанд рӯзи оянда хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки аз 6-ум то 8-уми июни соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот дар ноҳияҳои доманакӯҳию-кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад.
“Дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест”, - авзудааст манбаъ.
Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва дигар мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд, аз истироҳат ва чаронидани чорво дар наздикии маҷрои дарёҳо худдорӣ намуда, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”