Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Созмони Милал: 1.4 миллион нафар дар Лубнон ниёзманди кумаки фаврӣ ҳастанд
Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид (OCHA) эълом кардааст, ки дастикам 1.4 миллион тан дар саросари Лубнон ба таври мустақим аз ҳамлаҳои Исроил осеб дида ва акнун ниёзманди кумакҳои фаврии башардӯстона ҳастанд.
Ин ниҳод рӯзи ҷумъа, 5-уми июн, дар баёнияе гуфтааст, ки шарикони он аз 2-уми март то 31-уми май тавонистаанд ба беш аз 680 ҳазор тан кумаки башардӯстона ироа кунанд.
Бо ин ҳол, ин ниҳоди Созмони Милал хостори 331.5 миллион доллар кумаки иловагӣ шудааст, то битавонад то моҳи август кумакҳои худро ба 1.4 миллион "афроди осебпазири ниёзманд" густариш диҳад.
Лубнон аз замони ташдиди ҳамлаҳои Исроил бо буҳрони инсонии густарда рӯбарӯ шуда ва ниҳодҳои кумакрасони байналмилалӣ борҳо нисбат ба афзоиши шумори оворагон, тахриби зерсохтҳо ва ниёзи фаврӣ ба кумакҳои башардӯстона ҳушдор додаанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”